Мо шукр аз он мекунем, ки дар кишвари соҳибистиқлол ва озоду обод зиндагӣ мекунем. Аммо хелеҳо ин неъматро қадршиносӣ намекунанд ва бо сохтани гурӯҳакҳое мехоҳанд дар бораи арзи ҳастӣ доштани худ эълон намоянд.

Магар давлатсозӣ ва давлатдорӣ кори саҳлу осон аст. Не, хонандаи гиромӣ ин кори саҳлу осон нест ва ба ҳар кас муяссар намешавад. Ин гурӯҳе, ки имрӯз худро бо номи «Гурӯҳи 24» меномад магар метавонад вазъи моро халалдор кунад, не, ҳаргиз не. Имрӯзҳо ҷаҳон ба як маҷмуаи воҳид табдил ёфтааст. Хабарҳо тавассути расонаҳои ахбор дар они воҳид ба ақсои олам паҳн мешаванд. Оламиён медонанд, ки дар кишвари маҳбубамон –Тоҷикистони соҳибистиқлол вазъ чигуна аст.

Аз ин рӯ, мо тоҷикистониёнро лозим аст, ки дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз бештар ҷамъ шуда, ба кору фаъолияти созанда машғул шавем, нагузорем, ки нохалафе ҳаёти моро ноором кунад. Дар бисёр давлатҳое, ки собиқаи калони давлатдорӣ доранд, хеле аз масоиле, ки мо дар зарфи 32 – соли Истиқлолияти давлатӣ ба шакли аҳсан ҳаллу фасл кардем, кори ба он сурати лозим анҷом дода нашудааст.

Аз ин рӯ, мо ба тамаддун ва фарҳанги беш аз чандин ҳазорсолаи миллати хеш такя карда, дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, барои фарзандон ва наберагони хеш ояндаи аз ин ҳам зеботару фараҳмандтар месозем.

Турахонов Салоҳиддин

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав