Шоми 14 декабри соли 2023 дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сӯҳбат-вохӯрии омӯзгорон бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, тозагии ҳуҷраҳо, роҳрав ва ошхонаҳо баромадҳо намуданд.

Зикр гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд дар талаби илм бикӯшад ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад, то мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад.