Имрӯз дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон даври ҷамъбасти озмуни муштараки рӯзномаи “Хатлон” бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон таҳти унвони “Садоқат ба Пешвои миллат -садоқат ба Ватан” доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” ва Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон оид ба баррасӣ ва натиҷагирии озмун суханронӣ намуданд.

Дар ин озмун кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардиданд