Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28.12.2023 пешниҳод гардид, тамоми қишри ҷомеа бо як масъулияти баланд ва ифтихори сартосарӣ истиқбол гирифтанд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат дар баробари дигар Паёмҳо ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғозиПаёми қайд доштанд, ки«Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.»

Яке аз масъалаҳои муҳим ва саривақтӣ дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ ва ба фарҳанги бегона майл зоҳир намудани бархе аз ҷавонон ва шаҳрвандони кишварамон мебошад. Бо мақсади пешгирӣ аз ин кирдорҳои номатлут баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва зиракии сиёсӣ омили муҳими пешгирии он ба ҳимсоб меравад.

Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.» Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро дар меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, як зумра санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатиро қабул намуданд.

Аз ҷумла бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 27 ноябри соли 2019, №599 бори севвум «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020 -2030», бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «6» феврали соли 2018, №1005, «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 5 августи соли 2023, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардидани «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026», аз зумраи чунин санадҳо ба ҳисоб мераванд.

Қабули санадҳо ва барномаҳои давлатӣ дар самти татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон равона гардидааст.

Дар ҷамъбаст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз тоштанд, ки «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.»

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди кишварамон ҷиҳати амали намудани нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат кушиш ба харҷ дода, дар пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди босуботи кишварамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

НАБИЗОДА Эмомалӣ,

мудири шуъбаи тарбияи ДДБ ба номи Носири Хусрав