Мо – сокинони кишвари офтобрӯяи Тољикистон ҳамасола Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизорӣ мекашем. Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хеле сода ва равон вазъи мамлакатро таҳлил намуда, барои тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат супоришҳои нав мегузоранд.

Ин Паёми низ ба ин тартиб ироа гардид. Вақте мо ба рақамҳои оварда дар Паём менигарем, мебинем, ки ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи назар аз тамоми мушкилоте, ки имрӯз дар ҷаҳон мавҷуд аст ва мо низ чун як кишвари ин сайёра аз таъсироти он дар канор нестем, дар масири рушуд тараққӣ қарор дорад. Як чанд далелҳоро аз Паём меоварем: «Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шуруъ кардем. Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст».

Инчунин, Пешвои миллат ба тамоми мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокияти давлатӣ супориш доданд, ки барои роҳандозии ҳунарҳои мардумӣ ва аз ин тариқ ба ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва бонувон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вақте ба Паём, дар маҷмуъ, нигоҳ мекунем, бармало мебинем, ки ҳеҷ як шоха, ҳеҷ як самт аз мадди назари Пешвои миллат дур намондааст ва ба таври муфассал баррасӣ шуда ва дастуру супоришҳо ироа гаштаанд. Дар маҷмуъ, Паёмро метавонем санади пешрафт низ ном бибарем.

Турахонов Салоҳиддин,

омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав