Биё, бобо,

ба кулборат чӣ дорӣ?

Зи қанди шодӣ овардӣ фаровон?

Бидеҳ, то халқи ваҳдатошноро

Тамоми сол бошад зери дандон.

Ғаме гар ҳаст, гиру дуртар бар,

Шавад гумроҳ дар чулу биёбон.

Ту медонӣ, таманнои чӣ дорам, –

Фараҳмандӣ ба халқи Тоҷикистон.

Зи қанди орзу бисёр дорӣ?

Биёву орзуи тозатар деҳ.

Назебад мурғи дилро гӯшагирӣ,

Фалаксайри диламро болу пар деҳ.

Сухан то бар забон ояд гуворо,

Барои тӯтии табъам шакар деҳ.

Чу васфи Тоҷикистон менамоям,

Ба баҳри табъи ман шӯри дигар деҳ.

Биё, бобо,

намак дар бор дорӣ?

Ки лаззат нест дар гуфтору не сӯз.

Ба қадри ҳамдигар бояд расидан,

Биё, поси намак бар мо биёмӯз.

Барои гармии дидори ёрон

Маро чун шамъ байни анҷуман сӯз.

Таманнои маро бар дӯстон бар,

Ки то бошад муҳаббат оламафрӯз:

Ҳама умри шумо бодо навин сол,

Ҳама соли шумо бодо чу имрӯз.

Сафармад Ахмадов,

мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав