КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ҶОЙИ 3 – ЮМ ШУД

Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо Маркази солимгардонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “10 рӯзи ҷавонӣ” чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардид ва дар он зиёда аз 30 нафар устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ Маҳмаёров Собирҷон, аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири…

Муфассал

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶАМЪБАСТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

Имрӯз бо иштироки роҳбари таҷрибаомӯзии ихтисосҳои омӯзгори донишгоҳ С. Холматов дар факултети педагогика ва варзиш конференсияи ҷамъбастии таҷрибаомӯзии таълимӣ гузаронида шуд. Пеш аз оғози конференсия намоиши дастовардҳои таҷрибаомӯзон пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки конференсияҳои ҷамъбастии таҷрибаомӯзон дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома дорад.

Муфассал

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТ

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ омӯзгорони факултет баромад намуда оид ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумот доданд.

Муфассал

“Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни 11 донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он факултети Гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуда сазовори ҷои сеюм гардид.

Муфассал

“Посдорӣ аз хотираи қаҳрамонони шуҷои Ватан- омили тарбияи ватандустии ҷавонон”,

зери ин унвон имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавии умумидонишгоҳӣ зери унвони “Посдорӣ аз хотираи қаҳрамонони шуҷои Ватан- омили тарбияи ватандустии ҷавонон” доир гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Аҳлиддин Саиднуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба тарбия оғоз гардид. Аҳлиддин Саиднуриддинзода, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ватандӯстӣ ин принсипи…

Муфассал

РӮЗИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад. Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ – Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд. Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои…

Муфассал

ТАҶРИБАИ ТАЪЛИМӢ ДАР “ЗАҒЕРТУТ”

Дирӯз дар Мавзеи таълимию таҷрибавии “Зағертут” донишҷӯёни факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ ихтисоси география демография гурӯҳи 205 дар мавзуи “Тартиб додани нақшаи маҳал ва самтебӣ дар маҳал” таҷрибаи таълимии истеҳсолӣ гузаронида шуд.

Муфассал

СУҲБАТ – МУЛОҚОТ ДОИР БА ИҶРОИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”Стратегия ва барномаҳои давлатӣ, тарзи кор бо ҳуҷҷатҳои расмӣ, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳорати суханварӣ суҳбат – вохӯрӣ бо ҳайати устодону…

Муфассал