(Дар ҳошияи мавридношиносии радиои Озодӣ вобаста ба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар).

Ҳама ташаббуси САРВАР барои

Меҳану миллат,

Барои ободӣ,

Барои озодӣ–

Раҳидан аз ғаму пайваст будани шодӣ, Барои табъи ятимону бепарасторон, Барои роҳати инсон,

Баробаранд ба ҷон.

Ба ҳар калима паёмест аз Паёми кунун,

Ҳазор бор агар каф занем, кам бошад!

Ҳазор бор агар даф занем, кам бошад,

Ҳазор каф,

Ҳазор даф,

Ҳазор бор агар саф занем, кам бошад!

Паёми Сарвари мо сарнавишти инсон

аст,

Каломи меҳру муҳаббат,

Сиришти инсон аст!

Ҳидоятест беназир,

Ҳидоятест дилпазир.

Ҳидояте, ки паёмаш биҳишти инсон аст.

Ту, эй фаросати раҳгуми давр– “Озодӣ”!

Ба он сӯ дод бизан, к-ошӯб асту бедодӣ!

Давлат Сафар