-зери ин мавзу бо ибтикори факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Паёми навбатии Пешвои миллат баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Аҳлиддин Саиднуриддинзода, директори Маркази фосилавӣ, Ҷамшед Раупов, декани факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳӣ, мудирони кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯёи Маркази фосилавии донишгоҳ иштирок намуданд.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Аҳлиддин Саиднуриддинзода, директори Маркази фосилавӣ оғоз гардид.

Сипас, Ф. Қувватов, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳолати прияхҳои Тоҷикистон дар партави Паёми Пешвои миллат”, Б. Наимов, мудири кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ, дар мавзуи “Самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва М. Муродов, дотсенти кафедраи менеҷмент ва ташкили сайёҳӣ дар мавзуи “Рушди соҳаи замбурпарварӣ дар Паёми Пешвои милат” маърӯза намуданд.