Дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, бо мақсади гиромидошти модар пешниҳод карда мешавад, ки бахшида ба Рӯзи модар озмуни муштараки эҷодии идораи рӯзномаи “Хатлон” ва Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти унвони “Олиҳаи меҳр” аз рӯйи се номинатсия – “Беҳтарин маводи публитсистӣ”, “Беҳтарин эҷоди назм” ва “Беҳтарин қироати онлайнӣ дар васфи модар” эълон менамояд.

Дар озмун кормандони ташкилоту идораҳо, омӯзгорон, рӯзноманигорон, шоирон, публитсистон ва ҳамаи алоқамандони эҷод аз тамоми гӯшаву канори кишвар метавонанд иштирок намоянд.

Дар номинатсияи “Беҳтарин маводи публитсистӣ” мавод дар шакли чопӣ дар ҳаҷми на беш аз 4 саҳифа, ҳуруфи андозааш 14-и Times New Roman ё Arial қабул карда мешавад.

Дар номинатсияи “Беҳтарин эҷоди назм” шеърҳо дар ҳаҷми на беш аз 50 мисраъ, дар шакли чопӣ, ҳуруфи андозааш 14-и Times New Roman ё Arial пешниҳод карда шавад.

Дар номинатсияи “Беҳтарин қироати шеър дар васфи модар” маводҳои видеоӣ бо ишора ба муаллифи шеър, ному насаби ровӣ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад.

Маводҳои видеоии довталабон дар шабакаҳои иҷтимоии рӯзномаи “Хатлон” ва саҳифаи фейсбукии Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон нашр мегарданд. Барои баҳогузорӣ шумораи “писанд” (лайк), “шарҳ” (комментария) ва миқдори фарогирии тамошобинон (охват) низ ба инобат гирифта мешавад.

Видеои довталабоне, ки қаблан ё ҳамзамон дар озмунҳои дигар истифода шудааст, барои баҳогузорӣ пешниҳод намегарданд.

Ҳар як иштирокчии озмун ҳаққи дар як номинатсия мавод пешниҳод карданро дорад.

Озмун моҳи январи соли равон оғоз гардида, то 1 марти соли 2024 идома меёбад. Ғолибони озмун бо Диплом ва мукофотҳои арзишманд қадр карда мешаванд.

Озмун дар арафаи Рӯзи модар ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи се номинатсия муайян карда мешаванд.

Маводҳо дар шакли чопӣ ва электронӣ дар ҳаҷми то 5 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешавад. Иштирокчиёни озмун метавонанд, маводҳои худро тариқи почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов – 12 бо ишораи “Барои озмун” пешниҳод кунанд.