Тибқи нақша –чорабиниҳои шуъбаи тарбияи донишгоҳ бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯёни таҳсилоти фолсилавӣ аз ҷониби мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Набизода Эмомалӣ, мушовир –эдвайзерони факултетҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.06.2016 таҳти №237, дар донишгоҳ суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардид.

Зимни суҳбатҳо масъулини самти тарбия доир ба масъалаҳои таълиму тарбия аз ҷумла риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, дастурамалӣ либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён, одобу ахлоқ, худорӣ намудани онҳо аз фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва худшиносии ҷавонон суҳбатҳо анҷом доданд.