Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мекунад.

Мақсади ташкил ва гузаронидани Озмун ҷалб намудани муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию техникӣ, баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар оянда тайёр кардани кадрҳои минбаъдаи илмӣ мебошад.

Озмун аз рӯи ду гуруҳ (барои донишҷӯёни зинаи бакалавриат ва магистратура, барои унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисос «PhD» ) ва ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:

-бахши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ (химия, физика, биология, экология, география, астрономия, геология, математика, геометрия);

-бахши фанҳои техникӣ;

– бахши фанҳои технологӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

– бахши фанҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ;

– бахши фанҳои иқтисодӣ

– бахши фанҳои гуманитарӣ (таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ, сотсиология, филология, лингвистика, журналистика, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, психология);

– бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ

Дар озмун донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос«PhD» ва унвонҷӯён, кормандони илмию омӯзгории (ба истиснои номзад ва доктори илм) синни то 30 сола иштирок карда метавонад.

Талабот барои кори озмун чунин аст:

-муҳиммияти мавзӯъ;

-татбиқи амалии стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатӣ;

-ҷанбаҳои боэътимодӣ ва пурқуввати илмӣ доштани мавзӯъ;

-дорои навгонӣ ва қобилияти ҳалли масъалаҳои истеҳсолӣ дошта бошад

-тадбиқшаванда ва хусусияти инноватсиониро соҳиб бошад;

-мавҷудияти нақшаи кор, сарсухан, иқтибос (то 30%), хулоса, феҳристи адабиёт ва саҳифабандии кор;

-пешниҳоди кори илмӣ бо тақриз ва баҳои роҳбари илмӣ;

-ҳаҷми кор-кори ба озмун пешниҳодшаванда бояд на камтар аз 16 саҳифаи андозаи А4 (ҳуруфи Times New Roman Tj-14, фосилаи 1,5 бо андозаи боло 2см, поён 2см, рост 1,5см ва чап 3см) таҳия карда шавад;

– ба назар гирифтани қоидаҳои имлои забони давлатӣ (ба истиснои корҳое, ки ба забонҳои дигар пешниҳод мешаванд);

-асардуздӣ (плагиат) набудани корҳо; (маълумотномаи барномаи антиплагаит ба кор замима карда шавад). Асолати корҳои ба озмун пешниҳодшаванда аз 60% бояд боло бошад. Дар сурати аслотаи кор ба талабот ҷавобгӯ набудан, он ба Озмун роҳ дода намешавад.

Эзоҳ: Барои иштирок дар ин озмун ба муовинони декан оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ муроҷиат намоед!