Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобдӯстии донишҷӯён ва арҷгузоштан ба таърихи миллати тоҷик як гурӯҳ донишҷӯёни шуъбаи фосилавии факултети Химия ва биологияи Донишгоҳи давлтаии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз Китобхонаи анъанавӣ ва электронии донишгоҳ дидан намуда, барои дастрас намудани адабиётҳои лозима аъзо шуданд.

Ҳайати донишҷӯён зери роҳбарии Сулаймон Ғафорзода, мушовир эдвайзери Маркази фосилавӣ китобхона ворид гардиданд, ки Мусулмони Абдусалом, мудири китобхонадонишҷӯёнро хуш пазируфта бо фаъолияти корӣ ва махзанҳои китобхона онҳоро шинос намуд.