Имрӯз дар толори Маркази илмии “МавлоношиносӢ”- и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар таҳти унвони “Шарҳи Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ: “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман” баргузор шуд.

Дар мизи мудаввар А. Комилӣ, директори ИИТТИТТ, дар мавзуи “Зарурат ва аҳамияти озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, С. Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, М. Раҳмонов, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ дар мавзуи “Баъзе тағйиру иловаҳо дар Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ каитоб аст” ва М. Маҳмадалиева, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Марҳалаҳо ва мушкилоти омодасозии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ” баргузор гардид.