Дар факултети Таърих ва ҳуқуқ бо ташаббуси садорати факултет ва мушовир-эдвайзери фосилавӣ бо иштироки донишҷӯёни таҳсили фосилавӣ мизи мудаввар доир ба Паëми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – дурнамо барои фардои дурахшон” гузаронида шуд.

Ҷамъомади мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ Баротов М.Ю. муовини декан оид ба илм оғоз намуданд.

Сипас, устодони соҳибтаҷрибаи факултет, н.и.т. Мирзоев Ғ., дотсент Наботов Ф.С., Алиев Ҳ., Тағойзода С.Қ. баромад намуда, оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистог муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.