(БА ОЗМУНИ “ОЛИҲАИ МЕҲР”)

Раъду барқ, ҳаво боронӣ ва шамол бошиддат мевазид. Писарак аз мактаб хушнуд баргашта, ба хонаи хоксоронаю нуронии модар ворид шуд. Либосҳояшро иваз кард, рӯ ба рӯи тирезае, ки қатраҳои оби борон дар шишаҳои он ҷило медод, нишаст. Дилтангу парешон ба назар мерасид. Ҳамин лаҳза, сухан оғоз кард. Беихтиёр зери лаб пичирос зад: “Ҳар вақте вориди ҳуҷра мешавам, он холӣ асту хомӯшӣ. Куҷаӣ, чаро хомушӣ. Ба суханҳоям ҷавоб намедиҳӣ, модар?

Бо сад умед “модар”-гӯён рӯйи ҳавлӣ мебароям.

Боз садоятро намешунавам, модар?

Ҳар боре маро барои чиркинии либосҳоям холаам бо химча мезанад, чаро чизе намегӯӣ, модар?

Вақте, ки бибиам маро ба оғӯш гирифта, “бачаҷон” мегӯяд, овозатро намебарорӣ, модар…

Даме, ки бо ту гап мезанам, савол медиҳам, рози дил мегӯям, боз хомӯшӣ, посухе намедиҳӣ, модар?

Фарзанд бо ду даст сарамро дошта, фиғон мебардошт.

Чаро, охир чаро хомӯшӣ? Куҷоӣ, модар?

… Насими баҳорӣ тирезаи хонаро бошиддат кушода, вориди ҳуҷра шуд. Аз шиддати шамол расми модар аз девор ба рӯи фарш афтод. Шишаи рӯи он пора- пора шуд. Ин охирин ёдгории писарбача аз модараш буд. Баъди ин ҳодиса хело гирист. Ба сурати беҳараки модар дида дӯхта, гуфт: “Ман намехостам, ки шишаи лиқои хуршедии ту бишканад. Фақат мехостам, ба саволҳоям посух ёбам, ё лаҳзае меҳру навозиши туро эҳсос кунам, модар. Вале ту хомӯшӣ. Ин хомӯшӣ маро мекушад модар!.”

Ақалан як маротиба ба хобам даро, бо ҳамдигар каме суҳбат кунем. Аз лаҳни ширину меҳрубониат заррае баҳра барам.

Мутаассифона, шаб поён мешавад рӯз ҷойи онро мегирад. Боз рӯз паси сар шуда, шаб медарояд. Ҳолати ман ҳамон асту ҳам, туро намебинаму намешунавӣ. Шояд ин шаб ба хобам омада, ба ман неру бахшӣ. Шояд,-ман баумедам, модар…

Акмал Қурбонов, докторанти PhD–и ДДБ ба номи Носири Хусрав

Бознашр аз рӯзномаи “Хатлон