Донишҷӯёни гурӯҳҳои 101- ихтисоси химияи биология ва 102-и биология -экологияи Маркази таҳсилоти фосилавӣ дар факултети химия ва биологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси тарбиявӣ баргузор гардид.

Дарси тарбиявӣ бо иштироки Парвиз Ятимов, декани факултети химия ва биология ва омӯзгорон доир шуд.

Дар раванди дар мудири кафедра Давлятова Дилором дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зист” дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуд.

Инчунин, оид ба илму фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият аз ҷониби омӯзгор Ғиёсов Далер суханронӣ намуд.