Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2023 гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис дода шуданд, суҳбат-вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки гурӯҳҳои кории таблиғотӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, олимону донишмандон, собиқадорони ҷангу меҳнат ташкил гардида, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз 15 январ то 31 январи соли ҷорӣ бо сокинони маҳаллӣ дидору мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Дар баробари омӯзиш ва шарҳи Паёми Пешвои миллат, инчунин пешгирии ҳолатҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои меҳварии гурӯҳҳои кории таблиғотӣ маҳсуб меёбад.