Имрӯз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз мавзеи таълимию таҷрибавии”Зағертут”-и назди донишгоҳ дидан намуданд.

Тавре ба Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ иттилоъ доданд ин мавзеъ дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.

Дар мавзеи номбурда 782 бех дарахти мевадиҳанда аз ҷумла (анор, зардолу, гелос, олуча, нок, бодом), 170 бех дарахти ороиши сояафкан нашъунамо дорад.

Инчунин дар як қисмати замини таҷрибавӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимон ба роҳ монда шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро ҳамчун замини таҷрибавӣ барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд.