Рӯзи 3-юми феврали соли 2024 дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношинос”-и донишгоҳ муҳокимаи рисолаи номзадии унвонҷӯйи кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Мусовирова Фарзона Восифиевна дар мавзуи “Нақш ва мавқеи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ташаккули тарбияи ватандӯстӣ” баргузор гардид.

Дар муҳокимаи рисолаи номзадӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Сафарбекзода Ҳукмиддин, докторони илми филология, профессорон Тағаймуродов Рустам, Муродӣ Мурод, Абдуллозода Масрур, Муллоев Шариф, Раҳимов Абдулҳамид ва номзадҳои илми филология иштирок намуданд.

Сараввал, унвонҷӯ Мусовирова Ф.В. дар бораи муҳиммияти таҳқиқи мавзуи диссертатсия дар шароити имрӯза маълумоти мухтасар дод. Сипас, муқарризону устодон фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба мазмуну муҳтавои диссертатсия баён дошта, рисолаи мазкурро мусбат арзёбӣ карда, ба зинаи минбаъда барои ҳимоя тавсия намуданд.

Дар қисмати дигари ҷаласа ба докторони илми филология, профессорон Муродӣ Мурод ва Абдуллозода Масрур барои ҳамкориҳои судбахш ва саҳмгузорӣ дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва мутахассисони соҳаи журналистика Сипоснома, китобу монографияҳои тозанашри устодони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тақдим карда шуд.