2-юми феврали соли 2024 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони ВАО баргузор шуд.

Дар нишасти матбуотӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, муовини аввал, муовинон, деканҳои факултет ва дигар масъулони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва 28 нафар намояндагони ВАО-и Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар оғоз Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ, доир ба фаъолияти ҷамъбастии донишгоҳ дар соли 2023 ибрози назар намуд, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос нақши муҳим мебозад.

“Дар пайравӣ аз иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар самти баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа чораҳои муассир меандешанд, раёсати донишгоҳ тасмим гирифт ки аз 1 – уми январи соли 2024 музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳро ба миқдори 10 фоиз зиёд намояд”, – иброз намуд Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ.

Маврид ба ёдоварист, ки айни ҳол донишгоҳ бо 25 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодонидони донишгоҳ, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО ба саволҳои худ доир ба дигар дастовардҳо ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби масъулин ҷавоб гирифтанд.

Хотиррасон мешавем, ки Маҳмадалӣ Қурбонзода дар таъиноти ахир ректори ДДБ таъин гардид. Ӯ қаблан ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буд ва пас аз он вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи муҳимтарин – Кумита оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид.