Мувофиқи банди якуми моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад».

Дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» омадааст, ки “Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд”.

Ба хотири гиромидошти ин санаи муҳимми таърихӣ соли 2024-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.

Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва таъмин намудани волоияти қонун ҳамчун меҳвари фаъолияти мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ баромад менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ чораҳои муайяни ташкилию сиёсӣ ва маърифатию ҳуқуқиро роҳандозӣ намуда, дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар байни санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва хусусан донишҷӯёну ҷавонон қабул карда шуданд пеш аз ҳама фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 таҳти рақами №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро номбар намудан мумкин аст. Бо фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки дар бахши тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.

Баҳри иҷрои фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» таҳия карда шуд. Санадҳои зикршуда, дар бахши тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва баланд гардидани шуур ва маданияти ҳуқуқии аҳли ҷомеа таъсири бевосита расонидаанд.

Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 таҳти рақами №382 «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» тасдиқ шуд. Барномаи мазкур бо мақсади такмили низоми тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё намудани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа ва дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли наврас, таҳия гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ шуда, масъалаи тарбияи маърифатӣ ва ҳуқуқӣ қисмати таркибии он мебошад.

Маърифати донишҷӯ аз дониш ба вуҷуд омада бошад ҳам, вале ба тарбияи маънавӣ робитаи зич дорад. Тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Мақсади ниҳоии тарбияи ҳуқуқӣ ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 таҳти рақами 6253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ карда шуд, ки дар он масъалаҳои гуногуни марбут ба тарбия ва таълими аҳолӣ, ҷомеа ва бахусус ҷавонон матраҳ шудаанд.

Ба ҳайси яке аз вазифаҳои асосии дар ин баронома дарҷгардида ин ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла, фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» мебошад, ки мақсад аз ҷорӣ намудани он, аз як тараф, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва аз тарафи дигар, паст намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Сипас, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2016 таҳти рақами № 66 “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуд, ки мувофиқи он ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маданияти баланди ҳуқуқиро талаб менамояд, ки бе он чунин арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд наметавонанд пурра амалӣ шаванд.

«Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 таҳти рақами №1005 тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шуд. Дар Консепсия қайд шудааст, ки “Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад аст:

– ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;

– таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;

-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.

Бо мақсади иҷрои Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2019, таҳти рақами №599 “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” қабул шуд.