Мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, соли 2023 Донишгоҳи давлатии Бохтар дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи 8-умро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар 43 кафедраи донишгоҳ 631 омӯзгор, аз ҷумла 28 доктори илм, 170 номзади илм, 27 саромӯзгор ва 444 ассистент ба пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардидаанд. Ҳиссаи омӯзгорони унвондор 32,2% фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли 2023 шумораи омӯзгорони унвондор 2,2 фоиз зиёд гардид.

Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ 20 414 нафарро ташкил дода, 9475 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар донишгоҳ 130 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 1 нафар дар шуъбаи рӯзона, 127 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 2 нафар дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос таҳсил менамоянд. Ин донишҷӯён аз Узбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия мебошанд.