Мақоми Абдулвоҳид Шамолов дар таҳиқиқи таърихи фалсафаи тоҷик хеле назаррас аст, зеро ҷабҳаҳои таҳқиқотии устод хело сершоха буда, дар шинохти фалсафаи ниёгони мо арзиши воломақом дорад.

Ҳар гоҳе ки бо устодам ҳамсуҳбат мешавад, ҳидояту раҳнамоии устод дар ҷодаи илму адаб рози илмро ба ман боз менамояд. Устод инсони хоксор, ботавозуъ, ҳалим, олими комилу нозукбину нуқтасанҷ ҳастанд. Аз шинос будан ва шогирди ин файласуфи муосири замон буданам ифтихор дорам.

Дар ҳакқикқат устод арзандаи зикр ҳастанд ва иқдом гирифтам дар бораи ҷабҳаҳои ҳаёт ва фаъолияти устод маълумот дода бошам.

Абдулвоҳид Шамолов (29.09.1958) доктори илмҳои фалсафа (2002) профессор (2009) яке аз донишмандони шинохта ва маъруфи тоҷик буда, беш аз 40 соли умри бобаракати худро барои пешрафти илму маориф ва фарҳанги кишвар бахшидааст. Вай дастпарвари факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, баъд аз хатми соли чаҳоруми донишҷӯйи аз тариқи Сарраёсати 10-уми Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ аз соли 1979 то соли 1981 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати афсар адои хидмати башардӯстона намуда, баъд аз бозгашт донишгоҳи мазкурро дар шакли таъҷилӣ (экстренно) хатм кард. Аз аввали соли 1982 то соли 1987 дар дастгоҳи мусташорияти иқтисодии сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Кобул (Афғонистон) фаолият намуд.

Пас аз хатми аспирантура (1990) дар дифоъи рисолаи номзадӣ 1991 ба ба сифати муовини Сарраёсати АД–и Шурои вазирони Тоҷикистон, Сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2002), муовини раиси ХДМТ (2002-2004), Директори институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009 -2015), муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019), мудир ва профессори кафедраи филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ифои вазифа дорад.

Фаолияти илмии профессор А.А. Шамолов аз соли 1982 шуруъ гардида, дар чаҳор самт ва марҳилаҳои асосӣ ҷараён гирифтааст: Таърихи фалсафа, Сиёсатшиносӣ, Сотсиология ва Фалсафаи илм. Дар бахши аввал яъне, таърихи фалсафа ба омӯзиш ва таҳқиқоти таърихи фалсафаи тоҷик, хосатан баррасии осору таълифоти фалсафии мутафаккироне, ки доир ба онҳо ҳеҷ таҳқиқоти илмӣ ва интиқодӣ дар Тоҷикистон сурат нагирифта буд, даст задааст. Аз он ҷумла низоми ҷаҳонӣ ва фалсафии Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ, Аҳмад Ғазолӣ, Абӯмансури Мотуридии Самарқандӣ, Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, Абулмӯин ибн Муҳаммади Насафӣ, Абумутеъ Манхул ибни Фазли Насафӣ, Боқилонӣ, Ҷувайнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайраҳо, ки дар бахши ҳикмат ва ташаккули тафаккури фарҳанги миллӣ нақши бузург доштанд.

Муаллиф тавассути омӯзиши сарчашмаҳои аслӣ тавонистааст баъд аз ҳазорсолаҳо номи ин бузургонро эҳё бахшад ва саҳми мутафаккирони Хуросону Мовароуннаҳро дар пешрафту инкишофи илму маорифи башарӣ, хоссатан ҳикмат нишон диҳад.

Таълифот ва таҳқиқотҳои илмии профессор Абдулвоҳид Шамолов дар бахши таърихи фалсафаи тоҷик аз рисолаҳои (монографияҳои) зерин иборат мебошанд: “Фалсафаи ахлоқи Абӯҳомид Ғазолӣ ва Насириддин Тусӣ”: таҳлили интиқодӣ – муқоисавӣ. Душанбе “Ирфон”-1994, 180с.-русӣ, “Ҳуҷҷатулислом Ғазолӣ: Андешаҳои иҷтимоӣ – сиёсат”. “Дониш”-1996, 332с, “Машҳади Ризо”. Хуҷанд, 1998, 182с, “Ҳикмати назми ниёгон”. “Авесто”, -1999, 98с, “Фалсафаи Мотуридии Самарқандӣ”. “Авесто”, -2000, 286с, “Таълимоти фалсафии Абӯҳомид Ғазолӣ”. “Дониш”-2009, 318с-русӣ, “Фалсафаи Абӯҳомид Ғазолӣ”. “Пайванд”-2008, 476с-русӣ, “Фалсафаи сиёсии Ғазолӣ”. “Пайванд”-2008, 169с, “Каломи Мовароуннаҳр”. “Дониш”-2013, 569 с. ва ғайра.

Дар баробари монографияҳои зикршуда дар ин самт беш аз 200 мақолаҳои вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Россия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон ва ғайра ба табъ расидаанд, ки дар онҳо доир ба масъалаҳои мубрами фалсафии Абубакр ар-Розӣ, Абӯҳомид Ғазолӣ, Насириддини Тӯсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Алии Ҳамадонӣ, Имом Бухорӣ, Шавкати Бухороӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Ваҳшии Бовқӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Ироншаҳрӣ ва дигарон доир ба ҳастишиносӣ, назарияи маърифат, инсоншиносӣ ва ахлоқу ирфон таҳлилҳои илмӣ – интиқодӣ анҷом гирифтанд.

Қобил ба зикр аст, ки рисолаҳо ва мақолаҳои профессор Абдулвоҳид Шамолов, ки ба таърихи фалсафа бахшида шудаанд, на барои афкори ҷомеа, балки ба хотири пурра кардани фазои холие, ки байни калом ва илм вуҷуд дорад, ва барои дафъи ҳуҷум аз ҷониби онҳо сангар гирифтааст ва онро “Ҳикмат ва ё фалсафа” Б. Рассел меноманд, ки ихтисос дода шудаанд.

Самти дуввуми фаолияти илмии профессор Абдулвоҳид Шамолов ба омӯзиши масъалаҳои илми сотсиология бахшида шуда, дар онҳо шарҳу таҳлили падидаҳои мубрам ва рӯзмараи муосири Тоҷикистон аз қабили сабабҳо ва роҳҳои мубориза бо корупсия, масоили иҷтимоии ҷавонон, шиддат гирифтани зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ дар байни насли наврас, хариду фуруши кудакон ва занон, низоми миллии шафофият, муҳоҷирати меҳнатӣ ва натиҷаҳои он дар ҷомеа, таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон ва Узбекистон мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар ин бахш китобу рисолаҳои зерин ба табъ расидаанд:

“Масъалаҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”. “Дониш”- 1998, 244с.-русӣ, “Корупсия дар Тоҷикистон” (Барномаи рушди Созмони миллали Муттаҳид, 89с), “Корупсия дар Тоҷикистон: афкори ҷомеа” (Барномаи рушди Созмони миллали Муттаҳид, 2006, 192с), “Корупсия в Таджикистана” (Программа развития ООН, 2006, 158с), “Corruption in Tajikistan: public opinion”. Dushanbe, UIVDP, 2006,-P.112 ва ғайра. Дар баробари ин профессор Абдулвоҳид Шамолов дар бахши сотсиология беш аз 40 таълифот ба табъ расонидааст.

Барои омӯзиши хатарҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии корупсия дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии он профессор А.А. Шамолов дар солҳои 2005 ва 2006 “Одами сол” интихоб ва эълон гардид.

Самти севвуми фаолияти илмӣ ва таҳқиқотии профессор А.А. Шамолов ба масъалаҳои сиёсатшиносӣ бахшида шуда, мавзӯъҳои муҳими сиёсии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон аз қабили идеяи миллӣ дар кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, амнияти фарҳангӣ, интелектуалӣ (зеҳнӣ), кадрӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра, бозиҳои геополитикии абарқудратон дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, масъалаҳои мубрами амнияти Афғонистон, хатарҳои давлатӣ, роҳҳо ва усулҳои татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Сиёсати давлатии ҷавонон” тавассути барномаҳои мушаххас, фалсафаи дурнамои равандҳои муосири геополитикӣ ва ғайра маҳсуб мегардад.

Ин самтҳои таҳқиқот дар муҳтавои беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, ки дар Олмон, Белгия, Туркия, Эрон, Кореяи ҷанубӣ, Шветсия, Бразилия (Буэнос – Айрос), Қазоқистон, Россия, Озарбойҷон, Узбекистон ва Тоҷикистон ба табъ расидаанд, ки инъикоси худро пайдо намудаанд.

Илова бар ин дар масъалаҳои сиёсӣ монографияҳои илмии профессор А.А. Шамолов чоп гардидаанд: “Масъалаҳои ташаккули “Идеяҳои миллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Абӯҳанифа ва эҳёи худшиносии миллии тоҷикон”, “Сунатҳои мардумӣ ва раванди деморатикунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Бозиҳои геополитикӣ”, “Ҷашнномаҳо” ва ғайра.

Як нуктаро таъкид бояд кард, ки саҳми профессор А.А. Шамолов дар таъсис (1997), таҳияи сохтор ва фаолияти Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ сохтани сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар хеле бориз буда, вай муаллифи “Барномаи миллии ҷавонон” 15 – зербарномаҳои он, тарроҳи маҷмуаҳои “Ҷавонон ва илм”, “Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ”, рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Рӯзи ҷавонон” (23.05.2008), фестивалҳои ҷавонон, муассиси “Барномаи меҳнатии ҷавонон” ва ғайраҳои мебошад.

Самти чаҳоруми фаолияти илмии профессор А.А. Шамолов ба омӯзиш ва баррасии “Фалсафаи илм” ихтисос дода шудааст. Рӯй овардани профессор А.А. Шамолов ба масъалаҳои муосири илм ва фалсафа баъд аз сафарҳо ба Кореяи ҷанубӣ (Сеул), мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Буэнос Айрос шуруъ гардид.

Монография ва беш аз 20 мақолаҳое, ки дар ин бахши муосири таҳқиқотҳои фалсафӣ бахшидааст, масъалаҳои зеринро дар бар гирифтаанд: нанотехлнология ва хусусияти он, фалсафаи илми нано, фалсафа ва дастовардҳои навини илм ва техника, симои ояндаи илми тоҷик дар масири таҳаввулоти техника ва маориф, ақли маснӯӣ (интелект), мошинҳои “бохирад”, илмҳои когнитивӣ, инноватсия ҳамчун предмети тафаккури фалсафӣ, конвергенсияи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ, аннотатсияи хусусиятҳои фалсафаи Шарқу Ғарб, ирфон ҳамчун психотерапияи трансперсионалӣ ва ғайра.

Дар соли 2023 монографияи профессор А.А. Шамолов бо номи “Фалсафаи нано” ба чоп расид, ки аввалин таҳқиқот дар фалсафа муосири тоҷик буда, дар он масъалаҳои кашфиётҳои навин дар доираи илмҳои навин дар доираи илмҳои дақиқ ва муносибати инсон бо нано технологияи навин ва ҷойгоҳи вай дар ҷомеаи башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Профессор А.А. Шамолов дар тарҷумаи осори ниёгон низ саҳми босазо гузоштааст. Ҳангоми роҳбари Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2015) бо кушишу талошҳои вайва олимони машҳури институти мазкур фаслҳои 2,3,4,5,6,7,10,11,12,13,14,15,16 – Осори Ибни Сино бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ. Душанбе: Дониш, 2010-2016., Алии Ҳамадонӣ. Захиратул-мулук. Душанбе: Ирфон,1994., Носири Хусрав. Рисолаҳои фалсафӣ. Душанбе: Ирфон, 2004, 407с., Хоҷа Аҳрори Валӣ ва пайравони ӯ. Душанбе: Дониш, 2004., Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. Эҳё улумиддин. Душанбе: Дониш, 2008 ба дасти чоп расиданд. Дар байни ин осори чопшуда “Китоби шифо” –и Ибни Сино мавқеъи хос дошта, баъд аз 1250 сол аввалин маротиба ин асари фалсафии ҳакими бузург аз забони арабӣ ба забони модарии мутафаккир ва ба забони русӣ тарҷума ва пешкаши дустдорони ҳикмат гардид. Болотар аз ин бо ибтикори бевоситаи вай ҷашни 950 солагии мутафаккири бузурги Шарқ Абӯҳомид Ғазолии Тӯсӣ (2008) ва 1300 солагии Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа (2009) ва ҷашни Имом Бухорӣ дар сатҳи олии кишвар гузаронида шуд.

Яке аз дастовардҳои бузурги илмии профессор А.А. Шамолов дар даврони роҳбари Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кушиши беҳтарин олимони соҳаи таърихи фалсафаи ниёгон амали шуд, ин таҳия ва таърихи аввалин чопи “Таърихи фалсафаи тоҷик” ба забони русӣ дар се ҷилд ва ба забони тоҷикӣ дар шаш ҷилд мебошад.

Таърихи се ҷилда ҳам аз нигохи муҳтаво ва ҳам аз нигоҳи дизайн дар озмуни китоби байни тамоми кишварҳои муштаракул–манофеъ дар соли 2013 мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар конференсияҳои байналмилалии Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Афғонистон, Туркия, Покистон, Ҳиндустон, Эрон, Корея, Сингапур, Хитой, Хорватия, Шветсия, Германия, Франсия, Белгия, маърӯза ва баромад намудааст.

Мактаби профессор Абдулвоҳид Шамолов дар тарбияи кадрҳои баландихсоси илмӣ низ саҳми босазо гузошта, таҳти роҳбарии вай 9 нафар докторони илм ва 31 нафар номзадҳои илм аз Руссия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон рисолаҳои худро таҳия ва дифоъ намуданд.

Барои мардонагӣ ва далерӣ ҳангоми иҷрои қарзи башардӯстона дар Афғонистон бо орденҳои “Ситораи сурх”, “Барои осудаги шоиста”, “Барои мардонагӣ ва ҷасорат”, инчунин 14 медалҳои Афғонистон, Иттиҳоди Шуравӣ ва Итифоқи собиқадорони Афғонистон дар Россия “Барои шуҷоат”, “Барои ҷасурӣ” ва чандин орденҳои дигар сарфароз гардидааст.

Инчунин бо “Ифтихорномаҳои” Президиюми Шурои олии Иттиҳоди Шуравӣ, Ҳизби халқии демократии Афғонистон, Маркази аввалаи бо номи Ҷорҷ Маршал (Олмон) ва ғайра мукофотонида шудааст.

Барои саҳми босазо дар илм:

1. Барандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони ҷавон барои дастовардҳои бузург (18.03.2007);

2. Барандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998);

3. Барандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ барои дастовардҳои калон дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ (2013) мебошад.

Султонзода Муаттархон Орифӣ,

омӯзгори кафедраи фалсафаи факултети сиёсат ва идораи давлатии ДДБ ба номи Носири Хусрав