Бо мақсади пайравӣ ба сиёсати иҷтимоии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳро ба миқдори 10 фоиз зиёд намуд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода баён намуд.

Мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон, соли 2023 Донишгоҳи давлатии Бохтар дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи 8-умро ишғол намуда, ба даҳгонаи мактабҳои олии беҳтарини ҷумҳурӣ шомил гардид. Гуфта шуд, ки ҳоло дар 43 кафедраи донишгоҳ 631 омӯзгор, аз ҷумла 28 доктори илм, 170 номзади илм, 27 саромӯзгор ва 444 ассистент…

Муфассал