Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳои ҳуқуқӣ, донистани қонунҳо, санадҳо ва истифодаи дурусти онҳо аз ҷониби шаҳрвандон аст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин масъаларо арзёбӣ карданд. Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин роҳи ҳалли як қатор мушкилиҳои ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, моро мебояд, ҳарчи бештар ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва иҷрои онро талаб ва назорат намоем.

Дар замони муосир яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузории муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон.

Дар моддаи 1, боби аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Дар ин радиф аз ҳадафҳои асосии давлат ва хукумати Тоҷикистон бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ояндаи наздик мебошад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки пиёда сохтани ҳамаи ин ҳадафҳо, бахусус бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандиву ҳуқуқбунёд аз шаҳрвандон пеш аз ҳама доштани маърифати волои ҳуқуқиро тақозо менамояд. Дар ҳамин радиф бо ҳар роҳу восита боло бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва умуман таъмини рушди ҳамаҷонибаи шаҳрвандон, хоса наврасону ҷавонон ногузир аст, чунки ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти онҳост.

Донистану риояи қонунҳо, хоса Конститутсияи кишвар, эҳтиром гузоштан ба онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои худу дигарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи барои ҳар як шаҳрванди кишвар зарур ҳисобида мешавад. Дар маҷмуъ, зери мафҳуми “Маърифати ҳуқуқӣ” донишҳое фаҳмида мешавад, ки атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва қарору санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулгардида баҳс намуда, ҷиҳати ба танзим дарории муносибатҳои ҷамъиятӣ равона шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ин доштани фаҳмиши ҳуқуқӣ, то як андозаи муайян бархӯрдор будан аз илми ҳуқуқшиносӣ ё донистани илми ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон кардани роҳбари давлат ин бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки мардуми азизи кишвар аз пайи омӯзиши маҳфум ва моҳияти Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шуда, маърифати ҳуқуқии худро баланд мебардоранд.

Муҳаммадзода Бобоҷон,

омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав