Бегоҳии рӯзи 8-уми феврал дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав машварати кории кормандони шуъбаи тарбия бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор шуд.

Дар ин вохӯрӣ- Давлатбек Қурбонов, раиси Созмони ҷавонон, Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбия ва Азиззода Рухсора, мудири хобгоҳи донишгоҳ оид ба риояи низомномаи хобгоҳ, назорати пайваста ҷиҳати тозагии ҳуҷраҳои истиқоматӣ, мутолиаи китобҳои бадеӣ, сари вақт ба дарс ҳозир шудан ва интизоми намунавӣ андешаронӣ карда шуд.