Имрӯз 9-уми феврали соли 2024 Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба хотири шиносоӣ аз Маркази таълими тарроҳӣ, дӯзандагӣ ва нақшу нигори миллӣ, Маркази таълими технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои миллӣ ва Озмоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ ва геодезӣ дидан намуд.