Имрӯз дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи умумидонишгоҳии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ – омили пешрафти ҷомеа» бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ» баргузор шуд.

Дар конференсия Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ дар мавзуи “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ”, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватися дар мавзуи “Нақши сиёсати ҳуқуқэҷодкунии давлат ҳамчун омили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон”, Абдураҳимов Сиёвуш, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ омили пешрафти ҷомеа”, Азимов Ҳайдаршо, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ калиди муваффақиятҳои шаҳрвандон” ва Сироҷиддинов Афзалшоҳ, магистранти соли якуми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ заминаи донишҳои ҳуқуқӣ” баромад намуданд.