• зери ин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва дӯхтарон дар илм мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии Санавбар Каримова, раиси бонувони донишгоҳ оғоз гардид.

Сипас, Зарина Юсупова, профессори факултети забон ва адабиёти рус, дар мавзуи “Рӯҳбаландии бонувон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар”, Тағоева Табассум, профессори факултети забони англисӣ дар мавзуи “Маҳзани маърифат”, Каримова Шарифа, дотсенти факултети педагогика ва варзиш дар мавзуи “Мақом ва ҷойгоҳи зан -Модар дар ислом”, Сидиқова Зуҳро, дотсенти факултети педагогика ва варзиш дар мавзуи “Зан-Модар сарчашмаи ҳаёт ва бақои давлат”, Зувайдуллоева Ганҷина, номзади илмҳои иқтисодӣ, дар мавзуи “Мавқеи зан дар Паёми Пешвои миллат” ва Амирзода Афсона, магистранти курси дуюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ: Таҳлили таърихӣ, назария ва муқоисавӣ” баромад намуданд.