Имрӯз дар гурӯҳи 203-и ихтисоси баҳисобгири бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дарси намунавии мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Мирзозода Меҳриддин Шамсуддин дар мавзуи “Моҳият, мақсад ва мундариҷаи баҳисобгирӣ” баргузор гардид.

Дар дарс Гулов Қодир, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ ва дигар омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Омӯзгор дар раванди баргузории дарси намунавӣ бо истифода аз усулҳои нави таълим ва воситаҳои техникии муосир моҳияти мавзуъро ба хонандагон шарҳ дод, ки мувофиқ ба талаботи касби омӯзгорист.