«Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқуии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023, шаҳри Душанбе

Бо ин мақсад 30 декабри соли 2023, №668 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид, ки мувофиқи тавзеҳоти фармони мазкур мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Дар китоби фарҳанги забони тоҷикӣ калимаи маърифат ба маънои илму дониш, шинохтан, донистан, биниш, тамиз, фаҳм, шиносоӣ, ошноӣ, маълумот дар бораи тасаввуф, ҷаҳоншиносӣ, яке аз чор дараҷаи ирфони суфия: шариат, тариқат, маърифат, ҳақиқат қайд карда шудааст.

Таърих шоҳиди ҳол аст, ки дар ҳама давру замон яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеаи мутамаддин риоя ва иҷрои бечунучарои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин дидгоҳ, рушду инкишофи бонизом ва босуботи ҳаёти давлату ҷомеаро бидуни риоя ва иҷрои бечунучарои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ тасаввур кардан номумкин аст. Барои риоя ва иҷрои бечунучарои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар баробари дигар омилҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ки он дар натиҷа ба рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти хоҷагии халқ мусоидат менамояд, иқдоми ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст оврадани истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави тараққиёти таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид, ки он дар таърихи миллати мо саҳифаи нав ва тозаро боз намуд. Дар натиҷа, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба гузаронидани ҷараёни ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ оғоз бахшид, ки он то ҳол дар шаклу воситаҳои гуногун мунтазам, муташаккилона ва мақсаднок идома дорад.

Дастоварди ниҳоят муҳим ва арзанда доир ба ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ соли 1994 бо тариқи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он ҳамчун санади муҳимтарини ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овард. Маҳз дар доираи талабот ва нишондодҳои Конститутсияи кишварамон бо мақсади танзими муносибатҳои муҳимми ҷамъиятӣ доир ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ як зумра қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи давру замон қабул карда шуданд, ки онҳо аз ҳар як иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқӣ донистан ва дар амал риоя намудани ҳар як муқаррароти онро талаб ва тақозо менамояд. Аз инҷо, дар назди кишвари мо вазифаи ташаккул ва инкишоф додани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ боз ҳам мубрамтар гардид, ки пайгирии саривақтии он ба ташаккул ва инкишофи принсипҳо ва талаботҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Чунонки Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 25 апрели соли 2008 қайд намуда буданд: «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад».

Зимнан бояд дар назар дошт, ки риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ мумкин аст, вазифаи на танҳо як иштирокчии алоҳидаи муносибатҳои ҳуқуқӣ, балки вазифаи дастаҷамъонаи тамоми сохторҳои давлатӣ, шахсони мансабдори он ва шаҳрвандон мебошад. Маҳз бо назардошти ин ҳолат Конститутсияи кишварамон ҳанӯз соли 1994 дар моддаи 10 худ муқаррар намуд, ки давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Сатҳи маърифати ҳуқуқии зарурӣ доштани ҳар як иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқӣ шарти ниҳоят муҳимми пешрафти давлат ва ҷомеа ҳамзамон нишонаи рушди фарҳанг ва маданиятро дар ҷомеа низ муайян менамояд. Маҳз, сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ донистан ва риояи муқаррароти қонунгузорӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигарон, муборизаи оштинопазир намудан ба муқобили ҳаргуна ҳуқуқвайронкунӣ ва амсоли чунин арзишҳои умумиинсонӣ, ки онҳо барои пойдорӣ ва бардавомии ҳар як давлат ва ҷомеа чун обу ҳаво муҳим ва зарур мебошанд, мусоидат менамоянд. Ба ибораи дигар, рушду инкишофи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо фаъолияти самараноки давлатро якҷо бо сохторҳои он доир ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, балки дар баробари дигар омилҳо, инчунин сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба манфиати халқу ватан низ талаб ва тақозо менамояд. Бо назардошти ин ҳолат Конститутсияи кишварамон дар моддаи 42 ҳар шахсро вазифадор намуд, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Бояд қайд кард, ки яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ роҳандозии таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи таркибии сиёсати ҳуқуқии кишварамон мебошад, ки он тавассути роҳу усулҳои гуногун амалӣ карда шуда истодааст. Бо ин мақсад, доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ як зумра дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.

Ҳоло доир ба таълими ҳуқуқии шаҳрвандон дар кишвар як зумра донишгоҳҳо ва донишкадаҳо таъсис дода шуда, таълими фанни ҳуқуқшиносӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба таври ҳатмӣ ҷорӣ гардидааст. Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ ҳамчун ҷузъи консепсияи миллии тарбия дар робита бо дигар намудҳои тарбия бояд амалӣ карда шавад. Бинобар ин, рушди инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро тақозо менамояд, ки он бояд бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, расму оинҳои миллӣ амалӣ карда шавад.

Ҳамин тавр, дар сатҳи давлатӣ бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 иқдоми ниҳоят муҳим ва саривақтӣ буда, таҷлили он ба донистан ва риоя намудани Конститутсия ва қонунҳо, эҳтиром ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, паст гардидани нигилизми ҳуқуқӣ, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани ақидаи рафтори ҳуқуқӣ, баланд бардоштани масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба итоат кардан ба муқаррароти қонунгузорӣ, мустаҳкам гардидани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа, муборизаи оштинопазир ба ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд гардидани нақш ва нуфузи қонун ҳамчун танзимгари муносибатҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ва амсоли чунин арзишҳои умумиинсонӣ кумак менамояд, ки онҳо барои боз ҳам мустаҳкамтар гардидани сутунҳои давлат ва ҷомеаи муосири навбунёди мо мусоидат хоҳанд кард.

Абдураҳимов Сиёвуш,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии

Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав