Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Ласитса Евгений Алексеевич, директори Мактаби таҳсилоти миёнаи русӣ – тоҷикӣ ба номи М.В. Ломоносови шаҳри Бохтар мулоқот намуд.

Дар ин вохӯрӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ оид ба ҳамкориҳои донишгоҳ дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар мактаби мазкур ва дар оянда сафарбар намудани дигар ихтисосҳои самти омӯзгорӣ барои таҷрибаомӯзӣ дар асоси шартномаи ду тарафа ибрози андеша намуд.

Директори мактаб оид ба дасгириҳои донишгоҳ ва ҳамкориҳо дар самти таёр намудани мутахассисони касбӣ изҳори минатдорӣ намуд. Пешниҳод намуд, ки муассиса омода аст дар оянда барои қабул намудани донишҷӯёни равияҳои омӯзгорӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣхамкориро ҷонок менамояд.