Имрӯз 15-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети таърих ва ҳуқуқ суҳбат- вохӯрӣ бо падару модарони донишҷӯёни курси якум баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Набизода Эмомалӣ, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, Б. Баҳодуров, декани факултет, мудирони кафедраҳо ва кураторони гурӯҳҳо ширкат доштанд.

Маҷлисро декани факултет Б. Баҳодуров оғоз намуда, баргузории ин гуна чорабиниҳоро барои таҳкими робитаи оила бо муассисаи таълимӣ муҳим ҳисобид.

Гуфта шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро муваззаф месозад, ки бо муассисаҳои таълимие, ки фарзандашон дар онҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ҳамеша дар иртибот бошанд.

Инчунин, аз падару модарон хоҳиш карда шуд, ки барои сари вақт ба дарс ҳозиршавӣ сару либоси онҳоро ҳамеша зери назорат гиранд.