Имрӯз 15-уми феврали соли 2024 дар толори Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав унвонҷӯён аз забони англисӣ имтиҳони минимум супориданд.

Дар он раиси комиссияи имтиҳон Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Холназар Шамсуллозода, мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ, Т. Тағоева, профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ, Ш. Олматова, мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисӣ ва А. Муродов, саромӯзгори кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ иштирок карданд.


Ёдовар мешавем, ки дар умум 33 нафар унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бомуваффақият имтиҳонро супориданд.