Як гурӯҳ донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёт ва идораи сайёҳии факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ зери роҳбарии омӯзгори факултет Бобохонов Олим ба тамошои мавзеи таърихии “Аҷинатеппа” рафтанд.

Ба донишҷӯён иттиллоъ дода шуд, ки “Аҷинатеппа” боқимондаи ёдгори меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият дошт.

Номи асосии ин ёдгор аслан Аҷинатеппа нест. Ин унвон солҳои 40-уми асри ХХ пайдо шудааст. Вақте ки дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст, нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобидаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд сокинони маҳаллӣ онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта Аҷинатеппаро номгузорӣ кардаанд.

Аҷинатеппаро дар ноҳияи Вахш (13 км дуртар аз шахри Бохтар)-и вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кардааст.

Дар ин мавзеъ муҷассамаи 14-метраи якпаҳлухобидаи Буддо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди буддои нишаста ёфт шудаанд. Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд.

Аҷинатеппа нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст.