Ман, Шаҳодат Шарипова зодаи ноҳияи Фархор мебошам. Тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳ ёфтам. Интихоби дурусти касб бевосита фаъолияти ояндаи шахсро дар зинаҳои гуногун муайян менамояд, зеро муваффақияту нокомии ҳар фард дар ҷамъият аз маҳорати касбиву кории ӯ вобаста мебошад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти пурсамари инсон ин омӯзиш ва машғул шудан ба касбу кори муайян мебошад.

Дар овони мактабхонӣ ҳар инсон оид ба ҳаёти арзанда ва инкишофи озодона нисбати зиндагии ояндаи хеш фикр менамояд ва дар асоси маслиҳату хулосаҳои волидайн дар мувофиқа бо хулосаи худ пайи интихоби касбе мегардад, ки он барояш арзанда ва мувофиқи замони мутамаддин бошад. Барои расидан ба ин мақсад маро зарур омад, то ки шоҳроҳи зиндагиамро бо интихоб аз ихтисоси танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оғоз намоям.

Бояд бигӯем, ки саҳми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун маркази таълимию илмӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос назаррас аст. Бо боварии том гуфта метавонам, ки донишгоҳ дорои таҷҳизоти моддӣ-техникии рушдёфта буда, ҷараёни таълимро омӯзгорони соҳибтаҷриба таъмин менамоянд.

Ҳамчун як донишҷӯи даврони соҳибистиқлолии кишвар миннатдор аз он ҳастам, ки раёсати ин махзани илму маърифат донишҷӯёнеро, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд, бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегардонад. Ба ҳамаи довталабоне, ки мехоҳанд ба ин махзани илму маърифат дохил шаванд, муроҷиат менамоям, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб намоянд, зеро донишгоҳи мо ояндаи дурахшони шумост.

Шаҳодат ШАРИПОВА,

донишҷӯи курси якуми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, ихтисоси танзими ҳуқуқии соҳаҳои идораи давлатӣ