Ман, Ҳотамов Саидҷалол аз ноҳияи Данғара мебошам, тули 1 сол аст, ки дар факултети техникӣ-технологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсили худро идома дода истодаам. Мехоҳам дар оянда ҳамчун шахси худшинос фаъолият намуда, дар пешрафти Тоҷикистон саҳми худро гузорам.

Дар амалӣ гардидани ин мақсаду маром устодони ботаҷрибаи донишгоҳ раҳнамову ҳидоятгари мо, донишҷӯён мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки дар донишгоҳи мо барои омӯхтани илму дониш шароити хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Илова бар ин, дар донишгоҳ марказҳои кандакорӣ, коркарди чӯбу тахта, кору фаъолият менамоянд, ки ба мо толибилмон барои азхудкунии ҳунарҳои миллии аҷдодӣ имкон фароҳам меорад.

Ҳамаи шароитҳои мавҷуда мо донишҷӯёнро водор месозад, ки дар рафти пурра ба таҳсил фаро гирифтан вақтҳои холии хешро ба корҳои муфид сафарбар намоем. Ҳамчун донишҷӯи фаъоли донишгоҳ бо боварии комил ва ифтихори самимӣ гуфта метавонам, ки дар интихоби касб ва ҳам донишгоҳ саҳв накардаам ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сазовор гаштан ба боварии устодонам равона месозам.

Саидҷалол ҲОТАМОВ,

донишҷӯи курси якуми факултети техникӣ-технологӣ