Имрӯз ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту атрофи шаҳри Бохтар Раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав аксияи тозагиро таҳти унвони «Саҳми ман дар тозагии шаҳри ман» роҳандозӣ намуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш ба Маљлиси олӣ иброз доштанд: «Бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд». Дар робита ба ин дастури Пешвои миллат кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ин аксия иштирок намуда, саҳми хешро дар тозагии шаҳр гузоштанд.