бо мақсади таъмини сифати таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири соҳаи фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори PhD, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ тавассути татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот корбасти тарзи усулҳои нави таълим, ривоҷи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори илмии факултет кӯшиши беандоза зоҳир менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 аз 31.12.2020 ба тасвиб расид. Фармони мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони факултетро бори дигар водор менамояд, ки барои пешрафти илмҳои дақиқ, тайёр намудани мутахассисон дар самти фанҳои дақиқ боз ҳам зиёдтару пурмаҳсултар кору фаъолият намоянд.

Айни ҳол дар факултет 2 кафедра: технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика, системаи автоматикунонии коркарди ахборот ва шабакаҳои алоқа, амал менамоянд. Дар факултети информатика донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос: информатика; системаи автоматикунонидашуда; низом ва технологияи иттилоотӣ; шабакаҳои алоқа тақсимоти иттилоот; информатика-математика ба таълим фаро гирифта шудаанд.Дар факултети информатика миқдори донишҷӯён 400 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 28 нафар донишҷӯён ба тариқи квота таҳсил мекунанд. Миқдори умумии омӯзгорони доимӣ дар факултет 41 – нафар мебошанд. Аз онҳо 8 – нафар номзади илм, 30 – нафар омӯзгору ассистент мебошанд.

Факултет дорои ду синфхонаи компютерӣ дар бинои асосӣ, 3 озмоишгоҳи барномасозӣ, IT-технология, интеллекти сунъӣ дар бинои китобхонаи электронӣ мебошад, ки 118 адад компютери фардӣ, 9 адад тахтаи электронӣ, 2 адад СМАРТ-экран дар хизмати устодон аст.