Дар факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав дарси намунавии Ҳалим Шарипов, омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Доварони бозии волейбол ва вазифаҳои асосии онҳо” дар гурӯҳи 306-и ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар дарси мазкур Қодир Гулов, сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ ва омӯзгорон аз дигар факултетҳо иштирок намуданд.