бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.2021, №02(01) 174 дар ҳайати факултети иқтисодӣ, менеҷмент ва низоми гумрук таъсис ёфтааст. Факултет дорои 12 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ ва 3 кафедраи пешбар мебошад.

Айни замон дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ 18 нафар омӯзгорон кору фаъолият менеамоянд. Аз ин миқдор 7 нафар номзади илмҳои иқтисодӣ, 2 саромӯзгор ва 7 нафар омӯзгорон дар таълиму тарбияи шогирдон саҳмгузор мебошанд. Дар факултети мазкур зиёда аз 500 нафар донишҷӯён тариқи таҳсилоти низоми кредитӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар факултет 3 кафедра аз рӯи 3 ихтисос: андоз ва андозбандӣ, хадамоти гумрукӣ, аудит ва ревизия мутахассис омода менамояд. Кафедраҳои факултет бо кафедраҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкории зич дорад.