Яке аз омилҳои муҳимтарини баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавҷуд будани заминаи моддӣ – техникии муосир мебошад, ки бевосита ба омода кардани мутахассисони баландихтисос мусоидат менамояд.

Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои таълимӣ заминаи моддӣ-техникӣ, озмоишгоҳӣ, илмӣтадқиқотии замонавӣ бунёд намуда, дорои 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ, ҳамзамон, 192 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла 41 кабинети фаннӣ, 28 озмоишгоҳ, инчунин 3 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 4 майдонча ва як маҷмааи варзишӣ мебошад. Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маҷмуъ, зиёда аз 1000 компютер, 254 тахтаи электронӣ, проэкторҳо ва пардаҳои проэксионӣ ва 36 адад смартэкранҳо мавҷуд мебошад, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Миқдори ҷойҳои нишаст дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо ба теъдоди донишҷӯён мувофиқат мекунад. Дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани иншооти таъиноташон гуногун дар донишгоҳ рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо намуда истодааст.

Бо мақсади ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани шароити касбу ҳунаромӯзии ҷавонон дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бинои нави китобхона ва маркази компютерӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иқдомҳои бунёдкоронаи мазкур дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Дар бинои китобхона шароитҳои хуб ва мусоид барои донишомӯзии донишҷӯён ва таълими устодон фароҳам оварда шудааст.

Дар асоси таъинот дар таҳхонаи бинои китобхона махзани китобҳои анъанавӣ бо теъдоди зиёда аз 250 ҳазор нусха ҷойгир шуда, дар ошёнаи якум ва дуюми ҳамин қисмат ду толори хониши барҳаво бо ғунҷоиши 350 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Айни замон дар китобхонаи электронии донишгоҳ 200 адад компютер, 150 ҳазор нусхаҳои китобҳои электронӣ ва комплексии таълимии омӯзгорон вобаста ба фанҳои таълимӣ, 28 адад смартэкранҳо ва беш аз 400 адад камераҳои назоратӣ мавҷуд мебошад.

Бинои наву замонавии китобхона ва маркази компютерӣ дар назди ДДБ ба номи Носири Хусрав бо назардошти шароити лозимаи илмомӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, омӯзгорон ва ҳайати профессорони донишгоҳ ва дигар хоҳишмандон барои пешбурди корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ба таври васеъ аз он истифода намоянд.