Имрӯз 27 феврали соли 2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳлили муштараки соҳаи маориф» баргузор гардид.

Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), сарпарасти Тоҷикистон Муҳаммад Тариқ Хон, роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен, сардори бахши ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Марк Бухманн, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, кормандони соҳаи маориф ва дигар шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ин конференсияи байналмилалӣ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори ДДБ ба номи Нрсири Хусрав иштирок намуд.