Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки ҷавонони соҳибкасб, ки заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, равона карда шудааст. Интихоби дурусти касб асоси зиндагии хушбахт дар оянда буда метавонад.

Ман, Маҳмадёрзода Давлатёр аз деҳаи Язғуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастам ва аслан варзишгарам. Ҳангоми дар мактаб таҳсил карданам орзу доштам, ки ба яке аз донишгоҳҳои олии кишварамон дохил шуда, маҳорати варзишии худро, ки аз хурдӣ ба он шавқи зиёд доштам такмил диҳам.

Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ (ММТ) ташкил карда шуд ва ин имкониятҳои мо довталабонро барои дохил шудан ба макотиби олии ҷумҳурӣ боз ҳам зиёд намуда, дар интихоби касб бароямон роҳнамо гардид. Соли 2023 ихтисоси тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб намуда, ҳуҷҷатҳоямро ба ММТ супоридам. Баъд аз бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, маълум гардид, ки ман бо гирифтани холҳои зарурӣ аз рӯйи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудаам.

Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бароям ифтихор аст. Баъд аз дохил шудан ба ин донишгоҳ, аз бисёр илмҳое, ки пештар бароям муаммо буданд, бархӯрдор гардидам. Устодони донишгоҳ нисбати шогирдони худ ҳалиму ғамхор буда, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки донишу малакаи касбии худро ба шогирдонашон омӯзонанд.

Ҳангоми иштирок дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ман кӯшиш менамоям, ки номи донишгоҳ ва кишварамро муаррифӣ намоям. Шод аз он ҳастам ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки бо интихоби касби дӯстдоштаам дар оянда имконият дорам варзишгари хуб шуда, парчами кишвари худро бо маҳорату истеъдоди худ миёни дигар кишварҳо боло бардорам.

Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои васеи донишгоҳ Шумо довталабони азизро даъват мекунам, ки барои амалӣ гардидани орзуҳоятон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб кунед.

МАҲМАДЁРЗОДА Давлатёр,

донишҷӯи курси якуми факултети педагогика ва варзиш, ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ