Имрӯзҳо 175 нафар донишҷӯёни хатмкунандаи таҳсили рӯзонаи донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии дарозмуддат сафарбар гардидаанд.

Ин донишҷӯён пайваста зери назорат буда ду маротиба вохурӣ ва семинар-машварат аз ҷониби раёсати таҳсилот гузаронида шуд.

Ҳамчунин, ҳангоми ба таблиғоти имкониятҳои моддию техникӣ ва ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ сафарбар гардидани мудирони кафедраҳои тахассусӣ ба шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон тибқи дастури раёсати таҳсилот бо донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзии дарозмуддат сафарбар гардида вохӯрӣ намуда, аз ҳолати кории онҳо бохабар гардиданд.

Маврид аст, ки раванди таҷрибаомӯзии дарозмуддат пайваста зери назари шуъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳ ва раёсати таҳсилот қарор дорад.

Рӯзи 29.02.2024 Ҳакимов Раҷабалӣ Файзуллоевич, донишҷӯи курси 5- уми факултети таърих ва ҳуқуқ, ихтисоси тарих ва ҳуқуқ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 34-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ ба таҷрибаомӯзии дарозмуддат сафарбар гардидааст, ки имрӯз аз фанни Таърихи халқи тоҷик, бо хонандагони синфи 6-ум дарс мегӯяд.