Машқҳои пагоҳирӯзӣ-таҳкимбахши ҳайёти солим

Субҳи имрӯз дар бинои асосии ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳайати омӯзгорону донишҷӯён дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок карданд. Минбаъд ҳар ҳафта рузҳои шанбе машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад. Он бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.

Муфассал

ҲИМОЯИ БОМУВАФФАҚИЯТИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Рӯзи 29-уми марти соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҳимояи рисолаи номзадии Нуралиев Мансур Исматуллоевич, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Ташаккули мавқеи акмеологии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ” баргузор гардид. Диссертатсияи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади…

Муфассал

ТАҶРИБАИ ИСТЕҲСОЛӢ

Таҷрибаомӯзони курси дуюми ихтисоси таълими касбӣ (энергетика) таҷрибаи ислеҳсолии худро ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе тибқи нақшаи таълимӣ ба ҶСК “Трансформатор” шаҳри Бохтар сафарбар гардида, аз наздик бо раванди корҳои техниқӣ ошно мешаванд.

Муфассал

ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

Имрӯз дар факултети Менеҷмент ва идораи сайёҳии ДДб ба номи Носири Хусрав дарси намунавии саромӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими география Қувватов Файзиддин дар гурӯҳҳои 103-104-и ихтисоси геогарфия-демография аз фанни Экологияи умумӣ дар мавзуи “Об ҳамчун омили экологӣ ва аҳамияти он. Захираҳои об дар курраи Замин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Муфассал

ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ КОРЕЯГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Корея дар самти рушди илму технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ намояндаи Сафорати Корея дар Тоҷикистон консул, ҷаноби Ли Ҷисонг ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф овард. Ташрифи намояндаи Сафорати Корея ба донишгоҳ дар асоси барномаи Ҳукумати мамлакат оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “НИЗОМИ АНДОЗ”

Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии “Низоми андоз” баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур Саидов Зикрулло, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзуи “Рушди иқтисоди рақамӣ дар мақомоти андози Ҷумҳури Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муфассал

Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ҷиноятҳоеанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии мамлакат, ягонаӣ ва бехатарии ҷомеа равона гардадаанд. Терроризм зуҳуроти мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатона мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду…

Муфассал