Рӯзи 29-уми марти соли 2024 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ҳимояи рисолаи номзадии Нуралиев Мансур Исматуллоевич, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Ташаккули мавқеи акмеологии омӯзгорони ояндаи синфҳои ибтидоӣ дар раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ” баргузор гардид.

Диссертатсияи мазкур барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.04 – Назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ) пешнибӣ гардидааст.

Рисолаи илмӣ зери роҳбарии Файзалӣ Қурбонов, дотсенти кафедраи педагогикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав омода гардидааст.

Аз номи ҳайати ҳамкорон ба устод Нуралив Мансур дар фаъолияти минбаъда барору комёбиро таманно дорем.