Имрӯз дар доираи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишвари Корея дар самти рушди илму технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ намояндаи Сафорати Корея дар Тоҷикистон консул, ҷаноби Ли Ҷисонг ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф овард.

Ташрифи намояндаи Сафорати Корея ба донишгоҳ дар асоси барномаи Ҳукумати мамлакат оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ сурат гирифт. Мақсад аз вохӯрии намояндаи Сафорати Корея дар Тоҷикистон бо Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, таъсиси Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ дар донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ризоияти Вазорати маориф ва илми кишвар буд.

Ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат иброз дошт, ки кушодани Маркази забон ва фарҳанги кореягӣ дар донишгоҳи мо барои бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвари Корея ҷиҳати табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо мусоидат хоҳад кард.

Намояндаи Сафорати Корея дар Тоҷикистон консул, ҷаноби Ли Ҷисонг миннатдории худро ба ректори донишгоҳ барои пазироии самимӣ расонид.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум бо ба имзо расидани шартномаи тарафайн оид ба ҳамкориҳо ба анҷом расид.