Зери ин унвон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор шуд.

Чорабиниро Санавбар Каримова, раиси бонувони донишгоҳ ифтитоҳ намуд.

Дар чорабинӣ Раҳматова Райҳона, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории донишгоҳ дар мавзуи “Ҳуқуқи зан аз дидгоҳи Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ”, Холида Изатуллоева, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Маърифатнокии занон тақозои замон”, Нурализода Наргис, мудири кафедраи молия ва Қурбонова Фотима, донишҷӯи курси 1-уми факултети менеҷмент ва идораи сайёҳӣ баромад намуданд.